БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ КИШВАР АЗ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ МО СОКИНОН ВОБАСТА АСТ!

ҲАМАДОНӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард»-и ноҳия хониши сиёсӣ ва аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.

Зимни баромад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода қайд кард, ки дар  давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ беш аз 2100 км роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 100 км роҳҳои мошингарди дохилӣ, ки аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ бунёду таҷдид шуданд, бо ҷамъомадагон суҳбат намуда, афзуд, ки танҳо соли 2018 сохтмону таҷдиди қариб 200 км роҳи дохилию байналмилалӣ ва 45 адад пул ба анҷом расонида шуд.

Дар доираи Аксияи ҳизбии  «Якҷоя ҳал мекунем!» бо дастгирии ташкилоти ибтидоии мазкур барои сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg