БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ, БА ҚАДРАШ БОЯД РАСИД!

МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Тутқавул»-и ҷамоати деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Мӯъминобод  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳия Ҳайдаров Рамазон  дар бораи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ ва ҳадафҳои созандаи ҳизб суханронӣ намуда, ҳамагонро барои дар амал татбиқ намудани  сиёсати хирадмандонаи  Пешвои миллат раҳнамоӣ кард.

Инчунин, дар идома мавсуф доир ба моҳияти  Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ карда, иброз дошт, ки мо шаҳрвандонро лозим аст,   дар рушду  ободии Ватан  саҳм гузошта, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиро сазовор таҷлил намоем.   

Баъ дан дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинон ба тоза кардани канали обгузар  машғул гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg