БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТААССУБУ ХУРОФОТ ОМИЛИ АСОСИИ НООРОМӢ ДАР ҶОМЕА МЕБОШАД!

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Иттифоқ»-и ноҳия атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

 Дар рафти баргузории чорабинии ҳизбӣ корманди масъули Кумитаи иҷроияи ноҳия Муҳамадҷон Зайдуллоев вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал суханронӣ намуда, қайд кард, ки Пешвои миллат дар шараёни тоҷикон хуни ваҳдати куллиро ҷори сохт ва тани миллатро аз фалаҷшавиву нестӣ наҷот дод. Тамоми маҳалҳои сарзамини тоҷиконро, ки қабл аз даврони истиқлолият ё бо роҳи табиӣ ё сунъӣ аз якдигар канда буданд, ҳамаи онҳоро бо ҳам пайваст.

Бинобар ин ҳар фарди солимақли Тоҷикистон, агар ояндаи орому осуда ва неку хуҷастаи Ватани азизамонро бихоҳад, бояд барои тоза кардани заҳри таассубу хурофот аз мағзи наврасону ҷавонон ба ҳеҷ ваҷҳ саҳлангорӣ ва бетарафи накунад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg