БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРБИЯИ НАСЛИ САЗОВОР ВАЗИФАИ ҲАМАГОН АСТ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар муассисаи таълимии №3 -и ҷамоати деҳоти Ваҳдат вохўрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир гардид, ки дар рафти он аъзои Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо хонандагони синфҳои болоӣ ва омўзгорони ҷавони ин муассиса суҳбати гарму самимӣ оростанд.

Зимнан масъулин  насли ҷавонро атрофи сиёсати давлатии ҷавонон, дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ  андешаронӣ карда,  насли ояндасозро  ба  дўст доштани Ватан, расидан ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон, ҳифзи гиромидошти арзишҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар ободиву шукуфоии меҳант ҳидоят намуданд.

Баъдан  чанде аз омӯзгорон  фирку андешаҳои хешро  баён карда, қайд намуданд, ки талош меварзем, то насли наврасро дар руҳияи ватандўстию меҳанпарастӣ ва ифтихори миллӣ тарбия  намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg