БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР САМТИ МУБОРИЗА ЗИДДИ КОРРУПСИЯ ЯКДИЛУ ЯКМАРОМЕМ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Айнӣ”-и ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки Асоев Хизрдин-мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии ҳизбӣ ноҳия хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Асоев Хизрдин нахуст атрофи ба вуҷуд овардани мафкураи зиддикорупсионӣ дар миёни аҳолӣ, ҳамкории аҳолӣ бо мақомотҳои давлатӣ дар самти ошкор намудани ҷиноятҳои хусусияти иқтисодидошта, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ  суханронӣ намуда, қайд намуд, ки ҳар яки моро месазад коррупсияро ҳамчун падидаи номатлуб шиносем ва хатари онро ба амнияту истиқлолияти давлатӣ бештар дарк намуда, ҷиҳати муборизаи беамон ба муқобили он якдилу якмаром бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg