БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР САМТИ ПЕШГИРИИ АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ЭКСТРЕМИСТӢ БЕТАРАФ НЕСТЕМ!

ВОКУНИШ. Мо, аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, яъне кормандони Кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии ноҳияи Шаҳритуз ҳодисаҳои бетартибиҳои дар муассисаи ислоҳии № 3\2  воқеъ дар шаҳри Ваҳдат рухдодаро, ки боиси фавти одамон гардид, маҳкум менамоем.

 Ин боз як амали номатлуби аъзои созмони террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнуъшудаи «Давлати исломӣ» бо мақсади ташкили бетартибиҳо ва истифода аз он фирор намудан аз муассисаи ислоҳӣ мебошад. Ҳамчунин онҳо мехостанд фазои орому осоиштаи кишварамонро вайрон намуда,  бо кирдорҳои даҳшатноки худ ба мардум тарс оваранд ва бо ин амалҳо сафи худро дар Тоҷикистони азизу маҳбубамон зиёд намоянд. Аммо ташкилкунандагони ин бетартибиҳо як  чизро ба инобат нагирифтанд, ки ин замон солҳо 1991-1992 нест. Мардуми талхиҳои он солҳоро чашида, ҳеҷ гоҳ бо террористон дар як саф намеистанд ва думболгирашон низ намешаванд. Ташкилкунандагони бетартибӣ луқмаи хоҷагони хориҷиашонро кайҳо фурӯ бурдаанду ҳис накарданд, ки он «чангак» низ дорад.

Вақте таълиму тарбияи фарзанд дар оила дурӯст ба роҳ монда нашудааст,  аз фарди аз ин оила таълим ёфта ба ҷомеа фоида оварандаш умед кардан  хато аст. Ин гуфтаҳо ба Беҳрӯзи Гулмурод ва падараш Гулмурод Ҳалимов тааллуқ доранд. Чи қадаре гургро шикам сер накунӣ, чашмонаш ба ҷангал нигарон аст, мегӯянд дар урфият.

Носирзода Абдукарим, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони ноҳияи Шаҳритуз

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg