БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИЯТИ НЕК ВА ПОЙИ ҚАДАМИ ФАЙЗБОРИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТ НУРУ ЗИЁ ОВАРД!

АНДЕША. Дар ҳошияи суханронии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон дар  ноҳияи Данғара .

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойи қадами неку файзбор доранд, ки аз ниятҳои некашон бармеояд. Ба ояндаи неки Ватани худ боварии беандоза доранд ва бо ин рафторашон дили ҳамватанони худро ҳамеша гарм месозанд. Дар ҳама ҷабҳаҳо нияти нек доранд ва амалҳоро низ бо нияти нек оғоз менамоянд. Маҳз ҳамин иқдоми неки Сарвари давлат буд, ки рӯзи 24-майи соли равон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо фаъолияти кишоварзони Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” шинос шуданд ва дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара аз рафти корҳои кишоварзӣ, агротехникаи парвариши зироат, ҷамъоварӣ ва захираи хӯроки дурушти чорво дидан намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки кишоварзони ноҳияи Данғара давоми солҳои зиёд аст, ки дар самти ҷамъоварии хӯроку парвариши чорво таҷрибаи ғанӣ доранду дар қонеъсозии талаботи бозори истеъмолӣ бо гӯшту шир нақши муҳим мегузоранд. Илова бар ин сокинони меҳнатқарини ноҳияи Данғара ин шабу рӯз талош доранд, ки бо меҳнату заҳматҳои пайваста ин соҳаи муҳими хочагии халқи мамлакатро рушд дода, дар яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- “Таъмини амнияти озуқаворӣ” саҳми худро гузоранд.

  Воқеан, ҳамин нияти неки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки нақшаҳои ватансозиашон бемайлон амалӣ мегарданд ва обрӯву эътибори Давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ пайваста меафзояд. Асоси ин ниятҳои нек ва ватанпарастонаро, ки ҳамдиёрону дӯстонро ва ҳатто рақибони таърихии моро дар тааҷҷуб овардааст, ғояи “Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” ташкил медиҳад. Таърихан чунин ғояҳо дар садсолаҳо ва ҳатто ҳазорсолаҳо як бор тавлид ва амалӣ мешаванд ва асосгузору амаликунандаи онҳо фардҳои аз ҷиҳати маънавӣ ва зеҳнӣ пурқувват мебошанд. Месазад гӯем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои чунин хислати накӯ ва фарҳанги олӣ мебошанд. Аз ин рӯ моро мебояд, ки дар амалӣ намудани ҳама он ниятҳои неку созанда, ки аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, сарҷамъ бошем ва бо кору амали созандаи худ сазовор ба зиндагии шоиста гардем.

 

Абдулҳаев Маҳмадсаид- Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.                                             .

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg