БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ –ҲИДОЯТГАРИ РӮЗГОРИ ОСОИШТА

АНДЕША. Санаи 26-декабри соли 2018 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Маҷлиси  Олии  мамлакат ироа гашт, ки назди мо маорифчиён вазифаҳои нав гузошт.

Сарвари давлат дар Паёмашон зикр намуданд, ки бояд саводнокии аҳолӣ ва соҳибкасб будани тамоми мардуми Тоҷикистони азизро дар қатори давлатҳои  мутамаддин қарор дод.

Бояд тазаккур дод, ки босаводии ҳар як нафари мо аз фаъолияти босуботи муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва тарбия дар хона сарчашма  мегирад ва ба саводнокии сар то сарии миллат оварда мерасонад.

«Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем» иброз доштанд – Пешвои муаззами миллат.

Боло бурдани малакаву маҳорати касбӣ, роҳандозии курсҳои такмили ихтисос, маданияти муошират ва фазилати намуна будан метавонад, ин мушкилотро то ҷое ҳал намояд. Аммо ба андешаи мо пеш аз ҳама худи омӯзгор бояд ба боло бурдани малакаи касбиаш ҳавасманд бошад, зеро  имрӯз ҷомеа насли наврасро танҳо ба муаллими варзидаву  соҳибтаҷриба, ки насли солими созандаро тарбия карда ба онҳо дониши мукаммал дода метавонад, бовар мекунад.

Дар Паём зикр гардид, ки танҳо дар соли сипаришудаи 2018 дар кишвар 151 муассисаҳои таълимӣ сохта шуда, барои насли наврас 73000 ҷойи нишасти нав бунёд карда шудааст. Ба ғайри ин дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна пояи моддиву техникӣ нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар  шудаааст. Синфхонаву озмоишггоҳҳои фаннӣ сохтаву таҷҳизонида шудаанд.

Нигаронии Президент аз нарасидани мутахассисони варзидаи соҳаи маориф мушкилоти воқеӣ буда, ҳанӯз ҳам ин масъала ба пуррагӣ ҳалли худро наёфтааст. Ин бори дигар гувоҳи он аст, ки маориф дар меҳвари сиёсати Сарвари давлат қарор дорад.

Бо боварии комил имрӯз давлату ҳукумат ва ҷомеа назди омӯзгор талаботҳои нав мегузорад, ки дорои тафаккури баланд ва педагоги асил бошад ва аз технологияҳои муосир, алалхусус интернету воситаҳои электронии мухобирот васеъ истифода бурда тавонад ва аз ҳама муҳим ба ғайри тавонистан ба шогирдонаш омӯзонад.

Мо маорифчиёнро лозим аст, ки ин масъулиятеро, ки Пешвои миллат бар дӯши мо вогузор карданд, бо эҳсоси ватандориву ободкорӣ бо сарбаландӣ иҷро намуда, дар роҳи тарбияи насли наврас беш аз ҳар вақти дигар масъулиятшинос бошем.

Сарвари давлат дар Паём таъкидан гуфта гузаштанд, ки «Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву  худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба  Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».

Ҳусейнҷон Самадов, сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи  Кӯшониён                       

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg