БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МЕҲРИ БЕАНДОЗАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВАТАН

АНДЕША.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, ки санаи 23-24-уми майи соли 2019 анҷом дода шуд, ҳангоми мулоқоти худ бо сокинону масъулини мақомоти вилояти Хатлон иброз доштанд, ки ба хотири бедор кардани ҳисси боварии ҷомеа ба ояндаи нек бо ҳарфу амалҳои созанда  ва таблиғотӣ ба  рушди минбаъдаи давлату кишвар равшан гашта, метавон роҳҳои ҳаллу фасли тамоми душвориҳоро пайдо кард ва пешравиҳои рӯзафзуни давлату ҷомеаро таъмин  намуд. Воқеъан ҳам ин гуфтаҳоро сокинони ноҳияи Данғара ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал тадбиқ намуданд. Зеро ин марди бузургу дунёдида, ҷаҳондону дарёдил, бохираду некқадам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбаладӣ мекунад.

Имрӯз миллати тоҷикро тамоми дунё чун қавми бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин  миллати барӯманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон  робитаи дӯстию тиҷоратиашонро бо Тоҷикистон пайвастаанд, ки ин ҳама нишонаҳои бузурги Истиқлолият аст.  

Имрӯз мардуми кишвар дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, месазад, ки сокинону соҳибкрони ноҳияҳои дигари кишвар мисли сокинону соҳибкорони бонангу номуси ноҳияи Данғара дар сатҳи баланд пешвоз гирифтан ин чорабини сиёсӣ ҳамаҷониба барои ободкорӣ ва рушди ноҳияҳои худ саҳми хешро гузоранд.     

 

Раҳмонов Далер, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Фархор   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg