БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁН-ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои терроризму экстремизм дар ташкилоти ибтидоии  “Дурахшон” вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ иштирок намуда, қайд кард, ки дар марҳилаи кунунии рушди Тоҷикистон масъалаи таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ аз масъалаҳои усулии давлатдорӣ ба шумор меравад. Зеро терроризму экстремизм дар замони ҳозира доман паҳн карда, яке аз хатарҳои ҷиддӣ ба амнияту суботи ҳар як давлат, аз ҷумла Истиқлолияти давлатии мо низ мебошад. Бо ин масъала, яъне ба дарки ҷомеа расонидани  мақсадҳои ғаразноки террористону гурӯҳҳои тундгаро аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад. Мавсуф инчунин, иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста диққати аҳли кишвар ва ҷаҳониёнро ба масъалаҳои афзоиш ёфтани исломситезӣ, таҳдидҳои гурӯҳҳои ифротӣ ба амнияту суботи кишвар ва андешидани чораҳои муқовимат бар зидди терроризм, экстремизм ҷалбу ҳушдор месозад. Яъне ин таъкидҳои Сарвари давлат ва чунин вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор месозад, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва осоиштагии мардуми кишвари худро аз чунин паёмадҳои манфӣ, аз таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.

Иштирокдорон низ дар навбати худ баромад намуда, гуфтанд, ки ҷанбаи ин масъаларо пурра дарк карда, терроризму экстремизмро ҷиддан маҳкум менамоянд ва дар ҳамбастагӣ бар зидди ин падидаи номатлуб мубориза хоҳанд бурд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg