
КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ба истиқболи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, сазовор истиқбол намудани 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамин замина тақвият бахшидани робитаи зич бо аҳолӣ дар деҳаю маҳал даври аввали мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва Федератсияи футболи шаҳри Кӯлоб оғоз гардид.
Мусобиқаи мазкур дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, муовини раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” Орзу Ҳамидиён ва дигар шахсони даъватӣ ифтитоҳ ёфт.
Нахуст, Орзу Ҳамидиён қайд кард, ки мусобиқаи мазкур дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи пайвастаи Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушди варзиш роҳандозӣ гардида, даври ниҳоии он зимни истиқбол аз 25-солагии ҲХДТ ҷамъбаст мегардад.
Ҳамзамон мавсуф қайд кард, ки дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибон ба тӯҳфаҳои хотиравӣ қардшиносӣ шуда, дастае, ки сазовори ҷой аввал мегардад, ба даври ниҳоӣ, яъне ҷиҳати иштирок дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Федератсияи футболи вилояти Хатлон роҳхат мегирад.
Дар охир муовини раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Рустамов Баҳром барои саҳми арзанда гузоштан дар амалӣ кардани ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ ва робитаи доимию босамар доштанаш бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо Сипосномаи ҳизбӣ сарфароз гардонида шуд.