БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

“СИЁСАТИ ДУГОНА”-И ДАВЛАТҲОИ АЛОҲИДА НИСБАТИ ТЕРРОРИЗМ ХАТАРНОКТАР АЗ ТЕРРОРИЗМИ ОШКОРО АСТ! Ё худ ҳазар аз чалламуллоҳои фитнаангез ва демократияи дурӯғини ғарбӣ

 “Мо ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ бо падидаи густурдаи ба сари мардум бор кардани андешаву равияҳои ифротгароиву бегона ва зӯровариву мудохила аз хориҷ рӯ ба рӯ шудем. Дар натиҷаи ҷанги таҳмилии дохилӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар сокинони кишвар ба ҳалокат расида, қариб 1 миллион нафар бехонумон ва гуреза шуданд, 55 ҳазор кӯдак ятим монда, то 30 ҳазор хонаи истиқоматӣ сӯзонда шуд ва садҳо корхонаву коргоҳҳо комилан нобуд гардиданд”. Ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки санаи 17.05.2019 дар рафти Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” ироа доштанд.

Дар воқеъ Тоҷикистон бо баргузории чунин Конфронси сатҳи баланд аз як сӯ ҳамчун кишвари ташаббускор дар мубориза ба терроризму экстремизм дар сатҳи байналмиллалӣ муаррифӣ гардида бошад, аз сӯи дигар нишон дод, ки бо назардошти таҷрибаҳои талхи солҳои аввали соҳибистиқлолияш ба ин масъала ба таври амиқ ва бомасъулиятона муносибат менамояд. 

Дар воқеъ, имрӯзҳо хатари терроризму ифротгароӣ, махсусан ифротгароёни динӣ на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро таҳдид мекунад. Дар ин росто, мебояд ба муқобили ақидаҳои хатарноку нопоки дар пушти номи мубораки Ислом пинҳоншуда, ки боиси фитнаву дасиса ва нифоқ миёни ҷомеа мегарданд, дар ҳамкорӣ бо дигар давлатҳои дунё дастҷамъона мубориза барем.  Дуруст аст, ки мегӯянд:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусалмонии мост!

Инчунин, дар тули садсолаҳо аз рӯи таҷрибаҳои ҳазорҳо насл ҳикмати ҳаётие дар миёни халқ шакл гирифтааст, ки “Рӯи дег ба дег сиёҳ асту рӯи мулло ба мулло!”. Ин ҳикмати халқӣ дар пеши чашми мову Шумо исботи воқеии худро ёфтааст. Масалан, барои чи дар деҳаву маҳҳаллаҳои кӯчак дар муддати кӯтоҳ ду-се масҷиди калон пайдо шуд, ки аксаран холиву нимхолианд?! Сабабаш мустаҳкамтар шудани имони мардум буд?! Ҳаргиз! Агар масъала мустаҳкамии имон мебуд, лоақал коррупсия дар ҷомеа пурра аз байн мерафт, ё худ нархҳо дар моҳи шарифи Рамазону арафаи идҳои мусалмонӣ дар бозорҳо, ки аксари савдогарон ҳоҷӣ ҳастанд, ин гуна беинсофона боло намерафт, ё худ чунин ҳоҷиён дар ин моҳи муборак гушти 27 сар говҳои ҳароммурдаро ба фурӯш намебароварданд,  дуруғгӯиву ҳамдигарро фиреб додан аз байн бардошта мешуд, ҷавонон “Ватандӯстӣ ин имондорӣ аст!” гуфта саривақт ба хизмати Ватан ҳозир мешуданд, ё худ масъалаи нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ҳал шуда, шумораи гирифторшудагон ба бемориҳои ВИЧ/СПИД (аксаран аз муносибатҳои номаҳрамона аст) кам мегардид. Не, инҷо дар асл масъалаи диндориву имондорӣ дар миён набуду нест! Масъала ин буд, ки дар як маҳалла ду-се мулло сари имомат рақобат карда, чун дар масҷиди асосӣ ҷой намеёфтанд, бо ҳамроҳии муридонашон ба бунёди масҷиди нав дар гӯшаи дигари маҳалла оғоз мекарданд, то худ имоматӣ кунанд, яъне ба маънои томаш тамаъи мансаб ва пуле, ки аз хайрот ҷамъ мешавад! Ин амалӣ “имонӣ”-и ғайриимонияшон боис мегардид миёни ҷомеа тафриқа ба вуҷуд омада, мардум ба гурӯҳҳо ҷудо шаванд. Бомдод падар мегӯяд ман масҷиди фалон мулло мераваму писар мегӯяд, не фалонаш “зуртар” ман масҷиди фалонаш меравам. Ҳатто чунин муллоҳои ҷоҳталабу шуҳратталаб масҷидҳоро ба номи худ нисбат медиҳанд (масҷиди Ҳоҷӣ Фалонӣ ва ғайра), ки тавре донишмандони дин огоҳанд, ин кор комилан хилофи шариат аст! Ҳамин тавр баъзан муллову навмуллоҳои шуҳратпарасти мо ба хотири худашонро “зуртар” нишон додан яке аз чалласаводонаш Ҷамшедро ба туҳмат кофир эълон мекунаду, дигаре, ки дар умраш як саҳифа аз “Шоҳнома”-ро варақ назадааст, Сӯҳроби покнажодро ҳаромзода муаррифӣ месозад ва севвумӣ нисбати Ҳамадонӣ як туҳмати нестдарҷаҳони дигар мезанад, то ангезаи ҷомеаро баланд созанд. Ин ва даҳҳо чунин дигар ангезаҳо, ки дар пайи рақобати мансабталошонаву ҷоҳталабонаи баъзан нафарони бо ном мулло дар рақобат ба ҳамдигар сар мезананд, як оқибат доранд – фитнаву нифоқ миёни ҷомеа – коре, ки террористон анҷом медиҳанд! Ба қавли мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ:

Он мунофиқ бо мувофиқ дар намоз,

Аз пайи истеза ояд на намоз.

Мисоли равшани дигар, ин ҳамон ҳодисаи  рӯзи 19 майи соли 2019 дар муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат рӯйдода мебошад, ки ҳамагон аз ҷузъиёташ огоҳанд. Як-чанд террростоне, ки ҳамчун “мулло”-ву “шайх”-у “имом” худро ҳомиёни дини Ислом муаррифӣ мекарданд ва бо ҷурми аъзои ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ будан зиндонӣ шудаанд, муддатҳо сари масъалаи диндориашон ба мувофиқа наомада, баҳсу ҷидол ва рақобат мекардаанд. Ин рафтори онҳо боиси ба вуфуд омадани тафриқа миёни дигар зиндониён гардида, дар натиҷа ба 3-4 гурӯҳи ба ҳам зид тақсим шуданд. Баҳсҳои лафзии онҳо оқибат ба хунрӯзӣ кашида, як тараф сари чанд нафар аз тарафи дигарро бурида, ҷавобан пайравони тарафи дигар ҳам ҷониби муқобилро куштанд. Ниҳоят, мақомот маҷбур гардид барои хомуш намудани ошуб саркардагони ҳамаи тарафҳои ин нифоқро безарар гардонад. Ин ҳодисаи мудҳиш натиҷаи як нифоқи байниҳамдигарии ифротиёни динӣ ва ин ҳам дар пушти панҷараи маҳбас буд, ки боиси маргу осеб дидани даҳҳо нафар гардид. Айнан чунин ҳодисае рӯй дод, ки солҳои навадум бо айби “мулло”-ҳои наҳзатӣ дар Тоҷикистон дар шаклу ҳаҷми хеле васеъ ба вуқуъ пайваста буд ва сабабу омилҳояш ҳам ҳамин ифротгароёни динӣ, яъне наҳзатиён буданд. Тасаввур кунед, агар ин нафарони ифротии бо ном “мулло”-ву “диндор” дар озодӣ мебуданд ва фитнаву нифоқашонро миёни оммаи васеи ҷомеа роҳандозӣ мекарданд, чи мусибати сангине ба бор меомад. Ҳазорҳо нафар ҷавононро сар мебуриданду мисли Сурияву Ироқ зану фарзандонашонро “ғанимат” мегирифтанд (бубинед дар Афғонистони ҳамсояамон нисбати кӯдакон – чи писару чи духтарони “ғаниматгирифта” чи гуна муносибат мекунанд) ва дар маҷмуъ як муллоҷанги хонумонсӯзи дигар ба вуқуъ мепайвасту Тоҷикистон дубора ба хуну хокистар кашида мешуд!

Фитнагарони радиои амрикоии “Озодӣ” бошад аз ҷойи ҳодиса гузориш карда, кӯшиш мекунанд аз ҷинояткорон ҷабрдида “тарошанд”-у онҳоро мазлум нишон диҳанд. Чун эҳсоси мардумро хуб медонанд, наворҳои гияву мотами занонро батакрор ба намоиш гузошта, рӯйдодро моҳиронаву маккорона тавре бозтоб мекунанд, ки гӯиё на ошубгарону ҷинояткорон, балки кадом як “мусичаҳои бегуноҳ” кушта шудаанду бояд миллат барои онҳо мотам гирад. Ҳол он, ки ҳамаи маҳбусони кушташуда террористу экстримист ва ҷинояткорони разилу хатарнок буда, таҳдид барои осоиштагии ҷомеа ба ҳисоб мерафтанд. Бояд бақия донанд, ки оқибати кори ҳамаи ҷинояткорон ҳамин гуна саг барин мурдану беҷаноза дафн шудан аст. Зеро агар заррае одамгарӣ дар вуҷудашон мебуд ба ҷиноятҳои сангин даст намезаданд. Хабарнигори радиои “Озодӣ” боре ишора намекунад, ки агар ин ҷинояткорон дар озодӣ мебуданд, бо содир намудани амалҳои террористӣ боис мешуданд садҳо дигар модарон барои фарзандони бегуноҳашон мотам гиранд. Радиои “Озодӣ” боре намегӯяд, ки аз дасти ин ҷинояткорон, ки модаронашон имрӯз мотам доранд, дар гузашта боиси марги садҳо ҷавонони бегуноҳ шуда, садҳо модарони дигарро маҳз фарзандони онҳо ба мотам шинонда буданд.  Боре аз ҳамон модарони мотамгирифтаву фиғонкунанда суол намекунанд, ки чи гуна фарзандатро тарбия кардӣ, ки ҷиноят содир карду ба маҳбаст афтод? Имрӯз, ки оби дида равон кардаӣ, куҷо будӣ он замон, ки фарзанди “ягона”-ву “маҳбуб”-ат бо гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва дуздону авбошон ҳамроҳ шуда, ба роҳи бад рафт? Магар мумкин набуд ҳамон вақт дар пеши фарзандат оби дида мерехтӣ, то шояд дилаш месӯхту аз роҳи хато боз мегашт ва имрӯз ба маҳбас намеафтиду кушта намешуд?! Не, намегӯянд, чун супориш гирифтаанд ва дар авлавияти фаъолияти ин тоифа иғвоангезӣ меистад.

Зимнан, ин воқеа дар маҳбас бояд барои тамоми модарон намунаи ибрат бошад, ки агар имрӯз модаре дар тарбияи фарзандаш саҳлангорӣ намуд, фардо аз пушти фарзанди разилу нобакор тарбияёфтааш бадбахт хоҳад шуд.

Зимнан, бояд таъкид сохт, ки мардуми ҷафокашидаи тоҷик дигар ҳеҷ гоҳ ба фиребу фитна ва найрангҳои чунин гуруҳҳои иртиҷоӣ, ки дини Исломро баҳона карда ба сари мардуми мусалмон наҳси ҷангу бадбахтиро меоранд, дода намешаванд. Имрӯз миллати тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои муаззами худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи дурусту созандаро интихоб намуда, баҳри ободии Ватан талош варзида истодаанд. Дар ин росто, ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан давлатҳои абарқудратро, ки бо терроризм ҳамчун бо оташ бозӣ карда, ҳадафҳои ғайрирасмӣ ва рақобатҳои байниҳамдигарии худро дар пушти пардаи сиёсат бо истифода аз ин қувваҳои сиёҳ роҳандозӣ доранд, лозим аст тағйири назар намуда, бо терроризм дар амал мубориза баранд. Аз паноҳ додани террористон дар кишварҳои худ бо баҳонаи демократияи дурӯғинашон даст кашида, террористро ба худиву бегона ва хубу бад ҷудо накунанд. Маҳз ҳамон террористони барои давлатҳои Аврупо муътадил, дар дигар ҷо ба каллабурӣ машғуланд.

Дар маҷмуъ муносибати дугона бо терроризм ҳатто аз терроризми ошкоро дида хатарноктар аст ва дар ояндаи наздик ба сари худи ҳамон давлатҳо фоҷиаҳои мудҳиш меорад (мисли силсилатаркишҳои соли гузашта дар як қатор давлатҳои Аврупо). Аз сӯи дигар, агар давлатҳои абарқудрат аз муборизаву рақобатҳои пуршиддат миёни ҳамдигар даст кашанд, тамоми гурӯҳҳои террористии дунё мисле, ки ба осмон бухор шудаанд, дар як рӯз тавре аз байн мераванд, ки гӯиё ҳаргиз набуданд. Аммо бо вуҷуди рақобатҳо, (ки шояд ҳеҷ гоҳ тамом нашаванд), танҳо роҳи наҷоти башарият ин муборизаи дастҷамъона аст, ки метавонад хатари терроризмро комилан аз байн бурда ба мардуми сайёра сулҳу оромӣ ва осоиштагӣ биорад.

Ба ин хотир, дар поёни Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” низ иштирокчиён изҳори умед намуданд, ки билохира ақли солим ҷойи ҷаҳлу хусуматро гирифта, дар натиҷаи муборизаи дастҷамъона хатари терроризм дар ҷаҳон аз байн бурда мешавад.

Поянда бод суботи оромӣ дар Тоҷикистони ободу соҳибистиқлол!

Орзу ҲАМИДИЁН – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, муовини Раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан”.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg