
ҶАЙҲУН.Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Деҳқонобод”-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрии судманд доир гардид.
Зимни баргузории он мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳамадҷон атрофи масъалаи ба миён гузашташуда муфассал суханронӣ намуд. Мавсуф дар рафти суханронии хеш иброз намуд, ки: - Дар баробари дигар омилҳои хатарзо ба генафонди миллат паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, махсусан бемориҳои ВНМО/АНМО (ВИС/СПИД) ва Гепатити С бисёр ташвишовар аст. Аз ин рӯ донистани бемориҳо, роҳҳои гузариш, пешгирӣ ва инкишофу авҷгирии онҳо амри зарурист.