БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО БО ПЕШВОИ МИЛЛАТАМОН ИФТИХОР ДОРЕМ!

ПАНҶ. «Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем-  иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паём навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ.

Боиси қайд аст, ки имрўзҳо  Рўзи ҷавонони Тоҷикистон дар тамоми гўшаву канори Ватани маҳбубамон бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил гирифта мешавад. Бахшида ба ин ҷашни муҳим  чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ, сиёсӣ ва варзишӣ бо иштироки ҷавонон дар ноҳияи Панҷ роҳандозӣ карда шуд.

Чунин чораӣинӣ 23 – майи соли ҷорӣ дар гимназияи давлатии ноҳия таҳти унвони «Ҷавонони ояндасоз – пайравони Пешвои миллатанд!» гузаронида шуд.

Нахуст, Файзизода Каримҷон – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо сухани ифтитоҳи ҳамагонро бо Рўзи ҷавонон табрику таҳният гуфта, ба онҳо таманниётҳои нек орзу намуд.

Дар идомаи чорабинӣ директори гимназия Солеҳова Лутфия ба иштирокдорон хушомадед гуфта, хонандагони болаёқати муассисаро бо Ифтихорнома ва Сипоснома сафароз гардонид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg