БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН - ТАКЯГОҲИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

КУШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён бахшида ба ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Кушониён чорабинии фарҳангӣ баргузор шуда истодааст.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи уммии №9-и ноҳияи Кушониён бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён, ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” чорабинии фарҳангӣ баргузор шуд.

Зимни чорабинӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён ҷавонони ноҳияро бо рӯзи идашон табрик намуда,  саҳми онҳоро дар рушду тараққиёти ҷомеаи имрӯза зарурӣ шумориданд.

Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳияи Кушониён     дар чорабинии фарҳангии ҳизбӣ, фаъолона иштирок намуда, маҳсули дастранҷи худ аз анвои қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ ва бофтаниҳоро ба маърази тамошо гузоштанд.

Хотиррасон менамоем, ки ҳадаф аз баргузории чунин чорабинӣ ин тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, омода намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои инсондӯстӣ ва хештаншиносӣ, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни ҷавонон ва аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Дар хотима аъзои фаъоли бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg