
ФАРХОР. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳия бо мақсади татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимнан масъулин дар бораи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ андешаронӣ карда, ҳамагонро ба ободкориву созандагӣ раҳнамоӣ намуданд.
Баъдан дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” атрофи бинои кории Китобхонаи тозаву озода карда шуда, як қатор корҳои ободонӣ ба анҷом расонида шуд.