
КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ҷ. Даҳана” вобаста ба самтҳои афзалятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Дар маҷлис мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер ва котиби ташкилоти ибтидоии “Ҷ. Даҳана” Зоғаков Фарҳод иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Файзуллоев Алишер ба сухан баромада, иброз намуд, ки аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бори дигар аз пайки нек ва ватанпарастию меҳандӯстии Сарвари давлат нисбат ба расму ойинҳои мардуми тоҷик дарак медиҳад. Ин иқдоми наҷибу ғамхорона яке аз ташаббусҳои барҷастаи Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар Паёми имсолаашон (26.12.2018) ба мардум ироа намуданд.
Зоғаков Фарҳод котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷ. Даҳана” қайд намуд, ки амалӣ намудани нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ, метавонад мақоми кишварро дар арсаи байналхалқӣ боло барад ва сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварро беҳтару хубтар гардонад.