БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧАРО ОҚИЛ КУНАД КОРЕ, КИ БОЗ ОРАД ПУШАЙМОНӢ?...

АНДЕША. Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат 84 кўдаки бегуноҳи дар даргириҳои давлатҳои Ховари Миёна аз волидайн маҳруммонда тавассути хатсайри махсуси Бағдод-Душанбе-Бағдод аз Ироқ ба Ватан баргардонида шуданд. Кўдаконе, ки ҷойи фараҳу нишоти даврони кўдакӣ дар вуҷуди онҳо танҳо даҳшати ҷангу кўштор лона кардаю тарс султони  қалбҳояшон гашта.

       Кош он худобехабароне, ки васвасаи ҷангу ҷидол мекунанд боре аз тақдири фарзандони ятимгаштаи миллат меандешиданд. Ғарқа дар ҳавою ҳаваси молу сарват ва тарғиби исломгароии ифротӣ дар вуҷуди волидайни ин тифлони бегуноҳ сари онҳо фақру нодорӣ, азобу уқубат ва дарду ранҷи  ҷудоиро оварданд.

      Ин кўдакон ба ҳеҷ ваҷҳ гунаҳгор нестанд. Хуб мебуд дастандаркорони бозиҳои сиёсӣ, ки дар қолаби дини мубини ислом ҷомеаро сўи гумроҳӣ раҳнамоӣ мекунанд, боре андеша мекарданд. Ҳазорон ҳамватани гумроҳи мо ҳангоми пайвастан ба гурўҳи ба ном давлати исломии Ироқу Шом дар сарзаминҳои Ховари Миёна  бедарак ва гуму гур шуданд. Имрўз фарзандони онҳо сарсону саргардон дар ин сарзаминҳои ҷангзада ҷузъ ба тақдир тан додан, дигар чорае надоранду хешу табори онҳо дар Ватан дар ғами онҳо сиёҳкуру чашмбароҳанд.

     Имрўз аз ин давлате, ки фақат сари он санги маломат мезаданд боз фарзандони ҳамин диёр барои баргардонидани кўдакони бегуноҳи ин роҳгумзадаҳо  ицдом гирифт. Аниқтараш, давлати Тоҷикистон-давлате, ки дар домони он волидайни ин кўдакон ба дунё омаданду бадбахтона аз будани он ба ҷои ифтихор зери бозиҳои сиёсии хоинону асолатбохтагон нафрат доштанд, фарзандони чашмбадиёри онҳоро ба оғуши гарм истиқбол кард.

     Кош волидайни ин кўдакон назди онҳо мебуданду аз ободию озодии Ватан ба чашми сар медиданд. Ҳайҳот, ки чархи фалакро бозпас гардонидан  имкон надорад!

    Гарчанде роҳ аз Тоҷикистон ба давлати Ироқу Шом тулонист, вале фирефтаи ҳаввову ҳавас ва сиёсатбозиҳои гурўҳҳои манфиатҷў қисме аз фарзандони Тоҷикистон  ба ин бозиҳо пайвастанд. Ин як доғи сиёҳ дар таърихи миллати тоҷик баъди ҷангҳои дохилии солҳои 90-ум аст, ки гунаҳгорони он ҳеҷ гоҳ бахшида намешаванд.

    Тоҷикистони биҳишти рўи замин рўз аз рўз ободу зебо мешавад. Умедворем, ки дигар он рўзҳои сиёҳ ҳеҷ гоҳ сари миллати мо наҳоҳад омад. Зеро мардуми Тоҷикистон хубро аз бад, созгорро аз носозгор ба хуби дарк мекунанд.

Назарзода Т.М- Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg