БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧИ ХУШ АСТ, ОҒУШИ ГАРМИ ВАТАН ВА МИЛЛАТИ ХУД!

АНДЕША. Имрӯз фазои Тоҷикистони азизро бо омадани 84 кӯдаки ояндабину ояндасози тоҷик бозҳам равшантар намуда, ҳисси инсондӯстиро дар сиришти ҳар як инсони бедордилу ватандӯст бедор сохт.  Сиёсати хирадмандонаю инсондӯстона Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз кураи саёраи оламро фаро гирифта, ниятҳои ватандорию ояндасозиаш раҳнамову қобили омӯзиши давлатҳои саёра гардидааст.

 Мусалам аст, ки шоми 30 апрел дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе 84 кӯдаки тоҷик бар Ватан баргардонида шуд. Ин кӯдакон фарзандони ҷангиёни узви гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳастанд, ки дар ҷангҳои Ховари Миёна кушта ё нопадид шудаанд. Модарони аксари ин кӯдакон, ки 43 нафар мебошанд, дар зиндонҳои Бағдод ба ҳукмҳои тӯлонӣ маҳкум шудаанд.

              Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни мувоффиқаи интиқоли дастаҷамъии кӯдакони тоҷик аз Бағдод ба Тоҷикистон тахминан як сол пеш шурӯъ шуд ва бо ширкати сафорати Тоҷикистон ва сохторҳои ҳифзи қонун ва ҳукумати Ироқ баргузор гардид. Марҳилаи ниҳоӣ – дарёфти ризоияти қонунии ҳамаи модарони атфол буд, ки ба гуфтааш, бояд бо риояи меъёрҳои қонун ва муқаррароти байналмилалии ҳуқуқи инсон сурат мегирифт. Тибқи маълумотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2014 тақрибан 1900 шаҳрванди кишвар, аз ҷумла занону кӯдакон ба қаламравҳои Сурияву Ироқ рафтаанд. То ҳол хабари марги беш аз 300 нафари онҳо расидааст. Баъди кушта шудани аксар ҷанҷгӯён, оилаҳои онҳо бесарпаноҳ монда, бо тасмими мақомоти Сурияву Ироқ дар урдугоҳҳои махсус ҷой дода шуданд. Додгоҳи вижаи Бағдод ҳамсарону наздикони ҷангиёни узви ДИИШ-ро ба хотири “убури ғайриқонунии марз” ва “ҳамзистӣ ва кӯмак ба террорист” ба ҳукмҳои сангин маҳкум кардаанд. Аз ҷумла, 43 зани тоҷик, ки дар зиндонҳои Ироқ мебошанд, ба мӯҳлатҳои аз 15 соли зиндон то ҳабси абад маҳкум шудаанд.

Албата, ҳар як модар пеш аз фиристонидани фарзандаш номаи ризоияти ирсоли кӯдакон ба ватанро имзо карда, ягона ояндаи зебои фарзандонашонро баргаштан ба Ватанро диданд. Ба андешаи модарон зиндон- зиндон аст ва Ватан- Ватан. Билихира, кӯдак набояд дар зиндон бошад. Кӯдакон ба ғамхории хосса ниёз доранд, онҳо ба муҳити хонаводагӣ ниёз доранд. Онҳо бояд таҳсил кунанд ва дар шароити дуруст бузург шаванд. Онҳо набояд дар зиндон бошанд, бо вуҷуди ин ки модаронашон дар наздашон ҳастанд”. Аз рӯйи маълумотҳо имрӯз 11 навраси тоҷик дар назди модарошон дар зинданҳо боқӣ мондаанд.

Имрӯз сабабгори дурии фарзанд аз модар, азоби дидори модар барои ҷигарбандаш аз як тараф бесаводи ва орзуҳои беҳосили модарон бошад, аз тарафи дигар ба гумроҳи бурдани шаҳрвандони тоҷик аз ҷониби ташкилотҳои террористиву экстримистӣ бо ном «Исломӣ» мебошанд.

Имрўз андешаи бунёди    дурахшони  Ватан ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ хосса модарони Тоҷикистониро  водор месозад, ки  дар ҳама гуна ҳолатҳо аз рўи ақлу хирад, маърифати созанда амал намояд. Модари тоҷикҳамчун ворисони миллати оянда  мувазаф аст, ки  занҷири шўҳрати наслҳоро мустаҳкам намояд ва дар заминаи  мероси  фарҳангии гузаштагон худ насли нави бунёдкорро тарбия созад.

Бо заҳмату талошҳои ҷонфидои миллати тоҷик, Пешвои муаззами Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти занони кишвар тағйиротҳои куллӣ ба амал омаданд ва имрўз масъалаҳои марбут  ба  занонн, баланд бардоштани маърифати  сиёсии онҳо, кўмаки ҳамаҷониба дар ҳалли мушкилоти  иҷтимоиву иқтисодашон дар қатори масъалаҳои  муҳимтарини рўз гузошта шудааст.

Бо  дарки ин маънӣ  ба кулли  модарони Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон муроҷиат намуда гуфтаниам, ки аз фитнаҳои хоинони миллат аъзоёни ТЭТ ҲНИ, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида истодааст, дода нашуда, баҳри пешрафту шукуфоии Ватан, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси масъулияти бузурги ватандорӣ ва қарзи пурифтихори модарии худ дар ҳама маврид омода ва  пешсафи тамоми кору пайкор бошед.

Дар воқеъ ҳар як халқ ва миллат бо занону модарони худ фахр мекунад, лекин мо аз занону модаронамон ифтихори хосае дорем. Зеро модари тоҷик бо ақлу фаросат, заковату диниши худ дар ҳақиқат азизтарин нигини тоҷи миллат мебошанд. Онҳо ҳамчун узви комилҳуқуқи давлати соҳибистиқлоли дунявӣ буда беш аз 50 фоизи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Аз ин  рӯ  занони тоҷик пайваста ғамхории Президенти Мамлакат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳис ва эҳсос менамоянд. Гувоҳи ин гуфтаҳо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа»  Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мебошад, ки зина ба зина амалӣ гашта истода аст.                               

Модарони азиз!.

Шумо пайвандгари наслхову замонхо, имрузу фардои чамъият ва хусни зеботарини сахифаи китоби зиндаги мебошед, бовари дорам, ки ҳаёти имрӯзаи занони тоҷик, ал ҳол аз маҳбасҳои Ироқу Сурия қарор доранд ба занони  фарзона, окилу доно ва хело хушрую зебои тоҷик дарси ибрат гардида, занони тоҷикро водор месозад, ки барои пойдории хонадон, тарбияи фарзандони сохибмаърифат, ободии сарзамини аҷдодӣ ғайрат ва дониши худро дареғ намедоранд.

Саёҳат Абдуллоева-муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg