БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҒАМХОРИҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ РАВОНА ШУДААНД!

АНДЕША. Ҷомеаи муосир, ки пур аз таҳаввулоту бархурдҳо буда, рақобати давлатҳои абадқудрат дар васеъ кардани доираи нуфузи худ дар ҷаҳон шиддат мегирад, падидаҳои экстремистиву террористидошта низ дар шаклу қолабҳои нави харобиовар зуҳур карда истодаанд. Терроризму экстремизм падидаи нав нест, аммо солҳои охир ба вабои аср ва омили хушунату ваҳшат ва таҳдид ба амнияти ҳар як кишвар ва сокини сайёра табдил ёфтааст.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми  фаъолияти худ собит намуд, ки бо ҳарфу амали созанда ва таблиғоти ба рушди минбаъдаи давлату кишвар равонагашта, метавон роҳҳои ҳаллу фасли тамоми душвориҳоро пайдо кард ва пешравиҳои рўзафзуни давлату ҷомеаро таъмин намуд.

Сарвари давлат  ба хотири  ҳидояти мардум ба сулҳу дўстӣ ва бедор кардани ҳисси боварии ҷомеа ба ояндаи нек дар вазнинтарин лаҳзаҳо ҷони худро дар вартаи хатар гузошта, ба Хусдеҳи Афғонистон рафта буд. Инчунин қайд кардан бамаврид аст, ки Пешвои миллати мо дар маҳкум кардани амалу рафтори гурўҳҳои ифротӣ ва муборизаи беамон бар зидди унсурҳое, ки ба Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллии мо таҳдид мекунад, саҳми босазо дорад. 

Маҳз иқдоми навбатии созанда ва хирадмандонаи Сарвари давлат буд, ки  84 ноболиғи тоҷикро  аз зиндонҳои давлати Ироқ озод намуда, таҳти ғамхориҳои давлату миллат ба Ватан оварданд.

Хушбахтона имрўз аксарияти ҷавонони мо ҳушёру зирак ва аз авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ бохабаранд. Зимнан, ҷавонон бояд донанд, ки таъсису дастгирии чунин гурўҳҳо дар хориҷи кишвар бо мақсади заиф сохтани пояҳои Истиқлолияти Тоҷикистон равона шудааст ва ҳамчун фарзандони баномуси Ватан ҳеҷ гоҳ ба ин роҳ надиҳанд. Ҷавонони саодатманди тоҷик, ки дар фазои сулҳу оромӣ кору зиндагӣ ва таҳсил карда истодаанд, бояд бо шукргузорӣ дар пайи ватансозӣ бошанд ва иғвову дасисаҳои миллаткуши ин асолатбохтагон дода нашаванд.

Дар охир месазад қайд намоем, ки дар масоили давлатсозиву давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ на бояд ба умеди касеву чизе шуд, зеро аз лиҳози маънавию сиёси касе бештар аз худи миллати тоҷик манфиатдор нест, ки Тоҷикистонро обод кунад ва бузургтарин манфиати миллӣ- Истиқлолияти давлатиамонро ҳифз намояд.

 

Маҳмадсаид Абдулҳаев- раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg