БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИЛЛАТИ ТОҶИК БО АНЪАНАҲОИ МИЛЛИАШ МАШҲУРИ ОЛАМ ГАШТААСТ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вохўрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар маҳаллаи «Дарвоз»-и ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов  баргузор гардид.

Дар он Файзизода Каримҷон иштирок карда зимни суханронӣ бобати тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон  бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа баромад намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки урфу одат ва анъанаҳои гузаштагони миллати мо сарошор аз хусусиятҳои башардўстӣ инсонгароёна мебошанд.

Дар охир раиси ташкилоти ибтидоии «Дарвоз» Ҷалолов Раҳматулло бобати роҳандозии корҳои ободониву бунёдкорӣ дар маҳал ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ибрози андеша карда, қайд намуд, ки дар назар аст, ки бо қувваи саховатмандони маҳал купрўки байни деҳаро, ки аз боронҳои шадиди соли гузашта зарар дида нимтаъмир аст, аз сари нав таъмири пурра кунем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg