БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОЗА НАМУДАНИ МУҲИТИ ЗИСТ АМАЛИ НЕК АСТ!

НОРАК. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дуконӣ”-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории он Муслима Ғуриева - мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ЩХДТ дар шари Норак  оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҳамагонро барои иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”, сарфаю сариштакорӣ дар истифодаи барқ, даъвати ҷавононро ба сафи қувваҳои мусаллаҳ, инчунин оид ба татбиқи  қисмати тарғиботию амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” суҳбат намуданд.

Дар Аксияи ҳизбӣ аъзоёну ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дуконӣ” фаъолона иштирок намуда, саҳни ташкилоти ибтидоии ҳизбии номбурда ва ҷуйборҳо аз лой ва селоба тоза карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg