БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШАББУСИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ –ИДОМАИ АМАЛҲОИ ҚАҲРАМОНӢ МЕБОШАД!

АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳову борҳо аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ алайҳи ин падидаи номатлуб терроризму экстремизм ва ё худ вабои аср ибрози назар намуда, аз ҷумла баён доштанд, ки «террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад». Дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати мубориза бар зидди терроризму экстремизм таъкид шудааст, ки дастури амали ҳар фарди солимфикри ҷомеа бояд бошад. Мутаассифона, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ҷавонони ноогоҳ ба дассисаву иғвоҳои ифротии гурўҳҳои террористӣ дода мешаванд. Боиси ташвиш аст, ки ҳоло ҳам ҷавонони гумроҳи тоҷик дар сафҳои гурўҳи терористии бо ном «Давлати исломии Ироқу Шом» ва Афғонистон меҷанганд. Ҳатто аҳли оила ва зану фарзандонашонро дар ин роҳи хато фидо намуданд.

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои Ирок, Қувайт, ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳои байналхалқӣ рўзи 30 апрели соли ҷорӣ 84 нафар кўдакони тоҷикро ба Ватан баргардонданд.

Сиёсати инсондӯстона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи ба Ватан баргардонидани кўдакони тоҷик аз зиндонҳои Сурия ва Ироқ боиси ифтихору таҳсин буда фаромўшнашаванда аст. Ин иқдоми ҷавонмардонаи Роҳбари хирадпешаи кишвар бори дигар собит сохт, ки ў ҳамчун қаҳрамони миллат барои тақдири мардуми кишвараш бетараф набуда, бо ҳар роҳе набошад баҳри пешравии зиндагии онҳо саъю талошҳо менамояд. Он хушҳолӣ ва озодие, ки кўдакони баргашта эҳсос мекунанд, баёни он басо мушкил аст. Онҳо ба нафаре фарзанд, бародар ва ё набера буданд, ки дубора пой бар хоки Ватан ниҳода, оғуши гарми волидонашонро эҳсос намуданд.

Кўр бод чашмони дўшманони миллати тоҷик, ки ба Роҳбари дурандеши он санги маломат мезананд. Дар охир аз номи кулли мардуми тоҷик ва аз номи он кўдаконе, ки ба Ватан баргаштанд, ба Пешвои муаззами миллатамон ва ба ҳамаи онҳое, ки дар ин ташаббус мусоидат намуданд, сипосу миннатдории худро баён менамоем. Мо бо Пешвои миллатамон мефахрем! Зиндаву поянда бод, Пешвои миллат!

Солиҳов Фирдавс-мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg