БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХЎРӢ БО СОҲИБКОРОНИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ҲОҶИ ШАРИФ”

БОХТАР. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар маҷлисгоҳи бозори “Ҳоҷӣ Шариф” вохўрии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ бо соҳибкорон баргузор гардид.

Ҳамчунин дар ин вохўрӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бозори Ҳоҷӣ Шариф» Саидҳасанов А., иштирок доштанд.

Дар оғози чорабинӣ Раҳмонзода Абдулло аз сехҳои кандакорӣ дар бозори Ҳоҷӣ Шариф ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии сокинони маҳаллаи «Ҳоҷӣ Шариф» дидан намуда, ба маҳсули дастранҷи меҳнаткашон баҳои баланд доданд. Сипас, дар назди ҳозирин доир ба масъалаҳои мубрами ҷомеа андешаронӣ намуд. Зимни суханронии худ номбурда ҳозиринро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрику муборакбод карда, иброз дошт ки,: - Моҳи шарифи Рамазон моҳи муборак ва иҷобати дуо мебошад. Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, ятимону бепарасторон, пирону шахсон маъюб, шахсони яккаву танҳоро дар ин моҳ дастгирӣ  намудану расонидани кумакҳои хайриявию молиявӣ нишонаи олиҳиммати ва саховатмандӣ мебошад. Ҳамагонро зарур аст, ки сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  дар самт дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ҷонибдорӣ намуда, саҳми худро дар рушду пешрафти ҷомеа гузорем.

Дар идома Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода ба роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бозори Ҳоҷи Шариф» барои баргузор намудани чунин як вохўрии рў ба рў бо соҳибкорони бозор дар арафаи моҳи шарифи Рамазон изҳори сипос намуд.

Дар охири чорабинӣ ба як гурўҳ фаъолони ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур барои саҳми арзанда гузоштанашон дар амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои барномавии ҲХДТ бо Сипосномаҳои  ҳизб дар шаҳри Бохтар қадрдони карда шуданд.

 

 

Суратгузориш аз рафти боздиди раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода аз сехҳои кандакорӣ дар бозори Ҳоҷӣ Шариф ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии сокинони маҳалаи Ҳоҷӣ Шариф» дар доираи баргузории чорабинӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бозори Ҳоҷӣ Шариф»

 

Суратгузориш: аз рафти мулоқоти раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода бо соҳибкорони ва кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бозори Ҳоҷӣ Шариф»

 

Суратгузориш: аз рафти супоридани сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ба як гурўҳ кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бозори Ҳоҷӣ Шариф» аз ҷониби раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg