БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША ДАСТГИРИ КАРДА МЕШАВАНД!

ҶАЙҲУН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Мадад» чорабинии ҳизбӣ дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  баргузор гардид. Дар рафти чорабини муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим ва мудири шуъбаи таблиғот, итиллоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия Бекмамадов Асалмамад иштирок доштанд.

Чорабиниро раиси ташкилоти ибтидоии болозикр Қамаров Қумриддин оғоз намуда, суханро ба Сабурзода Насим дод. Мавсуф зимни баромади худ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал суханрони намуда, қайд кард, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ аз рӯи 14 самти афзалиятнок ва дигар масъалаҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва деҳаву маҳаллаҳои ноҳия чорабиниҳои ҳизбиро роҳандозӣ намуда истодааст.

Дар фарҷоми чорабинӣ дар доираи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо дастгирии шахсои саховатмнди деҳаи Ваҳдат ва ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мадад» ба 23 нафар кӯдакон аз оилаҳои эҳтиёҷманд либоси мактабӣ тақдим карда шуд. Дар рафти супоридани кӯмакҳо вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун Абдулоев Қаноатшо низ иштирок дошта суханронӣ намуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg