БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР САРСАБЗИИ КӮЧАҲОИ ШАҲР САҲМГУЗОРЕМ!

ЛЕВАКАНТ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии Корхонаи фаръии давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар он Фароғат Назарова намояндаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ иштирок дошта, вобаста ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти хизмати Ватан-Модар  ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва омили асосии нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷомеа сухан гуфт.

Ҳамзамон, мавсуф  изҳор дошт, ки имрӯз вазифаи ҳар яки мост, то қарзи фарзандию имонӣ будани ин амали ҷавонмардонаро ба ҷавонон расонем ва тавонем, ки дар ниҳоди онҳо эҳсоси гарми дӯст доштани Ватан, муҳофизат аз марзу буми кишвар ва арзишҳои онро бедор намоем.
ар охир дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ҳамагон ба шинонидани гулҳои мавсимӣ машғул гардиданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg