БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ - ОМИЛИ ХУШУНАТУ ВАҲШАТ ВА ТАҲДИД БА АМНИЯТИ ҲАР ЯК КИШВАР

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ватан” маҷлиси ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯи баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм доир гардид.

Зимни вохӯрӣ Мунаввараи Бозоралӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ қайд намуд, ки ҷомеаи муосир, ки пур аз таҳаввулоту бархурдҳо мебошад, гурӯҳҳои зиёде ҳастанд, ки бо падидаҳои экстремистиву террористӣ дар шаклу қолабҳои нави харобиовар зуҳур карда истодаанд. Бо андешаҳои нопоку муғризонаи худ, хусусан ҷавонони ноогоҳ аз таъриху тамаддуни худ ба доми ҷаҳолату марг кашида иситодаанд. Ҷавонон ва тамоми қишрҳои гуногуни ҷомеа донанд, ки терроризму экстремизм падидаи нав нест, он солҳои охир ба вабо, омили хушунату ваҳшат ва таҳдид ба амнияти ҳар як кишвар ва сокинони сайёра табдил ёфтааст.

Дар идомаи суҳбат роҳбари ташкилоти ибтидоии “Ватан” андешронӣ карда, гуфт, ки таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфтаанд: “Мо тоҷикон аз таҷрибаи талхи худ медонем, ки ҷанг ба чӣ оқибати даҳшатнок оварда мерасонад. Барои он, ки ягон инсони рӯи замин ин даҳшатро ҳис накунад, мо бояд аз қувваҳои террористӣ ва экстремистӣ халос шавем ва мамлакати худро аз таъсири марговари онҳо эмин нигоҳ дорем”, ҳамеша дар ёд дошта, бар зидди олимҳо ва падидаҳои террористӣ, ки оромиву осудагии мо монеаҳоро  ба миён меорад ҷиддан мубориза мебарем.

Ҷиҳати амалишавии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” чор синфхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 бо тарзи муосир таъмир гардида, бо таҷҳизотҳои хониш ҷиҳозонида мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg