ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ибтикори масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар маҳаллаи Қумариқи ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии «Ватан» вохўрӣ доир гардид.
Файзизода Каримҷон зимни суханронӣ қайд намуд, ки бештари дастовардҳои кишварамон ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иртиботи ногустатанӣ дорад. Боло бурдани обрў ва нуфузи ҲХДТ ваифаи ҷонии хар як узви ҳизб мебошад. Дар ин раванд, ҳалли саривақтии мушкилоти мардум вазифаи ҳизбиён ва ташкилотҳои ибтидоӣ мебошад.