БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАР – МАШВАРАТИ ҲИЗБӢ МАСЪУЛИЯТНОКИИ ФАЪОЛОНРО ЗИЁД КАРД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва вилоятии ҳизб, раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам  семинар-машварати ҳизбӣ доир карда шуд.

Дар кори семинар-машварат раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, раисони кумитаҳои маҳалла, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, имомхатибони масҷидҳо ва дигар фаъолони ҳизбӣ иштирок доштанд.

Семинар - машваратро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Халилзода Сафар  кушод.

Баъдан Раҳмонзода Абдулло, дар назди ҷамъомадагон вобаста ба мавзӯъҳои ҳаётан муҳим андешаронӣ  намуд.

Ҳамчунин дигар баромадкунандагон низ доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  фикру мулоҳизаҳои хешро баён доштанд.

Дар охир ба чанд нафар ҷавонон шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg