БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАЗИФАИ МО ФАЪОЛОН ДАР ЗАМИРИ ҶАВОНОН ТАРБИЯ НАМУДАНИ ҲИССИ БАЛАНДИ ВАТАНДӮСТӢ МЕБОШАД!

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташабуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Пахтакор» хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Зимнан дар рафти чорабинӣ Бекмамадов Асалмамад атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал суханрони намуда, қайд намуда гуфт, ки ҷавонон  ҳамчун давомдиҳандагони татбиқи ҳадафҳои олӣ эътироф гардидаанд. Воқеан онҳо барои пешрафти кишвар саъю кeшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Дастовардҳояшон дар ҳамаи соҳаҳо назаррас мебошанд. Қисме дар ҳивзу марзу буми ватан, таъмину амнияту оромии кишваранд.

«Ҳукумат ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ идома бахшида, ба ин неъруи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, кишварро ободу зебо мегардонанд ва номи ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардоранд»,- таъкид намуданд Президенти мамлакат зимни ироаи паёми худ.

Дар охир дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем» ба як оилаи камбизоат аз ҷониби ташкилоти ибтидоии болозикр кӯмаки модди расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg