БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИ МО ҲИЗБИ ХАЛҚ АСТ!

ПАНҶ.Бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  бо мақсади таблиғу ташвиқи сиёсати созанда ва ободгароёнаи Раиси муаззами ҳизб, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳал  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пуштароғ”-и ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов мулоқот доир гардид.

Дар он Файзиев Каримҷон – раиси Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Панҷ, иштирок намуда бобати роҳандозии корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷиҳати  истиқболи шоистаи ҷашни саодманди кишварамон 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар ин замина ободу зебо ва фароҳам овардани шароитҳои хуби зиндагӣ ба аҳолии деҳоти кишварамон андешаронӣ намуд.  

         Баъдан раиси ташкилоти ибтидоии «Пуштароғ»- Мирзоев Сулаймон оиди нақши ҳизбиёни маҳал дар таҳкими сулҳу суббот дар манотиқи деҳоти ноҳия ибрози андеша намуда, аз фаъолон даъват кард, ки фаъолияти тарғиботии худро ҷихати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, аз байн бурдани зўроварӣ дар оила нисбати занон  ҷоннок намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg