
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ҷамоати деҳоти Сангтуда”-и деҳаи Сангтуда оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ Каримов Пирмаҳмад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия доир ба дастур усупоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ суханронӣ намуда, ҳамагонро барои расидан ба қадри хизматҳои беназири Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумуи Ватан раҳнамоӣ намуд.