
Ш.ШОҲИН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ҷамоати деҳоти Даштиҷуми ноҳия вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимнан намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар бораи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ибрози андеша карда, аз ҳамагон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват ба амал оварданд.
Инчунин,дар идома бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ болооби дарёи Ниёб пули одамгузару нақлётгузарро дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» мавриди баҳрабардории сокинон қарор дода шуд.