БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРРУПСИЯ – АМАЛИ НАНГИН ВА ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Асъор” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ доир ба самтҳои фаъолоияти ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Асъор” Юсуфзода Алиаҳмад иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳангоми баромади худ Орзу Ҳамидиён қайд дошт, ки имрӯзҳо коррупсия яке аз омилҳои нангин ва хатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар радифи терроризму экстремизм ба амнияти миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд. Дар ин маврид моро водор месозад, ки коррупсияро ҳамчун падидаи номатлуб шиносем ва хатари онро ба амнияту истиқлолияти давлатӣ бештар дарк намуда, ҷиҳати муборизаи беамон ба муқобили он якдилу якмаром бошем.

Бо дарки маъни иштирокчиён низ андешаҳои худро баён дошта, ваъда доданд, ки тамоми кӯшишу ғайрати худро барои бартараф кардани ин падидаи номатлуб равона месозанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg