БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ТАФАККУРИ СОЗАНДАИ ҶОМЕАРО БЕДОР МЕСОЗАД!

КӮЛОБ. Да доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб таҳти Раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён баргузор гардид.

Дар кори маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдуллло ва узви Раёсат ва Кумитаи иҷроия, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода Саидмурод, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони ҳизбӣ ва фаъолон иштирок намуданд.

Зимнан  фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар се моҳи соли 2019 натиҷагирӣ карда шуда, оид ба тадбирҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва масъулияти узви ҳизб дар доираи одобномаи корманди ҳизбӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ ва қарорҳои дахлдор кабул карда шуданд.

Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба сухан баромада. оид ба фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар се моҳи соли 2019 дар назди ҳозирин ҳисобот  дод.

Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ аз ҷумла, пойдории сулҳу субот, таъмини рушди рӯзафзуни иқтисоди кишвар, пос доштани арзишҳои миллӣ, дастоварҳои даврони соҳибистиқлолӣ, омодагиҳои ҷиддӣ дидан барои маъракаҳои муҳимми сиёсии дарпешистода, иртиботи доими доштани вакилони ҳизбӣ бо мардум ва боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ ибрози ақида намуданд.

Инчунин, узви Раёсат ва Кумитаи иҷроия, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода Саидмурод фаъолияти Кумитаи иҷроияро назаррас унвон намуда, қайд кард, ки КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташаккули мафкураи сиёсӣ, иҷтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа корҳои тарғиботиро ба таври фарогир ба роҳ монда, дар рушди маънавиёти ҷомеа ва иртибот бо мардум сҳми назаррас гузошта истодааст.

Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ ба шаҳрвандоне, ки фарзандони худро ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфарбар намуданд ва шахсоне, ки саҳми назаррас дар амалишавии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” гузоштаанд, бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб қадршиносӣ шуданд.

Ҷойи зикр аст, ки ҳанӯз то оғози кори маҷлис Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар маҳаллаи Нурободи шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон роҳандозӣ шуда, дар доираи аксия сокинон дар сангфарш сохтани роҳҳо саҳм гузоштанд. Ҳамзамон, миёни сокинон армуғонҳои таблиғотӣ тақсим карда шуданд. Дар фарҷом ба нафароне, ки дар корҳои созандагию ободонӣ саҳм доштанд, ҳамчун сокинони маъулиятишинос ба Сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб сарфароз гардиданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg