БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН ХУБ МЕДОНАНД, КИ НАШЪАМАНДИ ҲАМЧУН ВАБО АСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”.  Бо ташаббуси кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии “Маркази ташхиси бехатарию озуқавори”  дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Аксияи тарғиботӣ-амалӣ ҳизбӣ тахти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар рафти баргузории чорабинӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти ҳизб дар ноҳия Бекмамадов Асалмамад қайд намуд, ки муомилоти ғайруқонунии маъводи нашъаовар дар баробари терроризм ва экстремизм яке аз сарчашмаҳои таҳдид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бехатарии давлатҳо ба ҳисоб меравад. Боиси таасуф аст, ки мушкилоти муомилоти ғайриқонунии маводи нашъовар ҳамчун яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои инсоният дар асри 21 боқи мемонад ва ба муътадилии иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва сиёсии давлатҳову минтақаҳои алоҳида таҳдид менамояд. Миллионҳо нафар бо сабаби истеъмол намудани маъводи нашъаовар азият мекашанд ва ҳазорҳо ҷавон ҷони худро бохтаанд.

Дар доираи қисмати амалии Аксияи ҳизбии "Якҷоя ҳал мекунем"-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар нохияи Ҷайхун дар ташкилоти ибтидоии "Маркази ташхиси бехатарию озуқавори" ба як нафар зани бемор кӯмаки моддӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg