БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИЛЛАТИ ТОҶИК СОҲИБИ КОХИ НУР-“РОҒУН” ГАШТ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳандозии сохтмони НБО Роғун миллати тоҷикро ба марҳилаи нави рушд ворид кард. Ба истифода додани агрегати якуми ин иншооти аср Тоҷикистон бо Истиқлолияти энергетикӣ қадами устувор гузошта, марҳила ба марҳила ҳадафи чоруми он саноатикунонии кишвар амалӣ мегардад. Пешвои миллат бо оғози ин сохтмон  собит сохт, ки миллати точик - миллати тавонову созанда аст.

         Вобаста ба ин масъала дар ташкилоти ибтидоии  ба номи Алишер Навоии ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ вохўрӣ доир гардид.

Файзиев Каримҷон дар баромадаш қайд намуд, ки бо бунёди ин иншооти муҳим дар Тоҷикистон на танҳо таъмини пурраи қувваи барқ ва содироти он амалӣ мешавад, балки дар ин миён пайдоиши ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ, зиёд шудани корхонаҳои саноатӣ, боло рафтани сатҳи зиндагии мардум ва рушди ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқ мегардад.

         Зимни роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” иштирокдорон дастаҷаъмона бо корҳои созандагиву бунёдкорӣ гирду атрофи чойхонаи маҳалларо бо  девори хиштин мустаҳкам намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg