ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “ Тахти Сангин” хониши сиёсӣ дар мавзӯъи “Хизмат ба Ватан шараф аст!” баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур намояндагони ҳизбӣ доир ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ фикру андешаҳои хешро баён карданд.
Инчунин,дар идома раиси ташкилоти ибтидоии номбурда Сангин Якубов оид ба моҳияти хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар ҷалби ҷавонписарон дар давраи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бетараф набошанд ва фарзандони худро барои хизмати Ватан-Модар сафарбар намоянд.