
ДАНҒАРА.Дар доираи Соли баланд бардоштакни масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “ Корез” дар деҳаи Қуруқсой хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ Каримов Пирмаҳмад раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия оид ба оғози татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноаткунонии босуръати Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ намуда, аз сокинон даъват ба амал овард, ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати кишвар саҳмгузор бошанд ва ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои назаррас таҷлил намоянд.