
ДӮСТӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии «Боғчаи кӯдаконаи №2» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур масъулин оид ба нуктаҳои Паёми имсола Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарбияи дурусти насли наврас дар роҳи ватандӯстиву хештаншиносӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, ки асосии зиндагии шоиста мардум ва кӯдакон ояндаи давлату миллат мебошанд, андешаронӣ намуданд.
Дар қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси вакили Маҷлиси вакилони халқии ноҳия Амина Юсуфӣ ба 5 нафар кӯдаки маъюбу бепарастор туҳфаҳо тақдим карда шуд.