
ДАНҒАРА. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ.Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Пушинги деҳаи Пушинг хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар он Каримов Пирмаҳмад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баромад намуда, оид ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ҳалли мушкилоти мардум ва дар ин замина сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ, ободу зебо гардонидани деҳот, бунёди бунгоҳҳои тиббӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, сокинонро ба корҳои бунёдкориву созандагӣ раҳнамоӣ кард.