
ФАРХОР. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ.
Дар доираи нақша - чорабиниҳои тасдиқшуда, ҷиҳати тадбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нури шарқ” кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо сокинон корҳои тозагию ободониро дар деҳа анҷом доданд.
Сокинони деҳа бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сарҷаъмона ба ҳашар баромада, корҳои назаррасеро, аз қабили чароғонкунии кӯчаҳо, тоза кардани новаҳои бетонӣ роҳравҳои деҳа аз такшинҳо, рангубори деворҳоро анҷом доданд.