
ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии «Зағертут» бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид, ки дар ҷараёни он сокинон бо шодию хурсандии бепоён ва шукргузор аз фазои оромию осудагии кишвар таҷлил гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Фароғат Назарова, ва дигар шахсони даъватӣ иштирок дошта, изҳор карданд, ки боиси сарфарозии мо тоҷикон аст, Наврӯзбо талошу заҳматҳои Пешвои миллат байналмилалӣ гардид. Ҷаҳонишавии Наврӯз ва ҷашни байналмиллалӣ эълон шудани он барои мо-тоҷикон ба ҳайси вориси мардуми ориёитабор мояи ифтихору саодатмандист.
Сокинони деҳа Наврӯзро бо омода намудани хӯрокҳои миллӣ, ташкили ҳар гуна бозиҳои варзишӣ ва суруду шеърхонӣ ҷашн гирифтанд.