БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиҳо бо маблағгузориҳои ташкилотҳои террористии хориҷа идора карда мешаванд

ВОКУНИШ. Ҳақиқатан ҳам, бидуни замон  терроризму экстремизм ва ифротгароӣ,  ҳамчун  вабои  аср  ба  амнияти ҷаҳон  ва  ҳар  як  сокини  сайёра  таҳдид  карда, барои  башарият  хатари на  камтар  аз  силоҳи  ядроиро  ба  миён  овардааст.

Дар воқеъ, вазъи  имрўзаи ҷаҳони муосир тамоми кишрҳои ҷомеаро ба гирдоби  сарбастае  оварда  расонидааст. 

Дар  мамлакатҳои  Ғарбу  Шарқ  гурўҳҳои  террористӣ  истифода  аз шароити нооромии сиёсӣ даст ба куштор ва таркондани биноҳо, роҳҳои  қатораҳо ва зеризаминӣ (метро) мезананд. 

Пайдоиши ин гурўҳҳои ифротгаро ва сарчашмаи асосии онҳо маблағгузории  як  гурўҳ  капиталистон мебошанд, ки бо воситаи ҷанг дар  мамлакатҳои  мусулмонӣ  фурўши  яроқҳои  худро  ба  роҳ  монда  ва  сарватҳои  зеризаминии  ин  мамлакатҳои  зарардидаро  муфт  аз  худ мекунанд.

Хатару таҳдидҳои  ифротгароӣ  моро  водор  менамояд, ки  зиракӣ ва  ҳушёрии  сиёсиро  аз  даст  надода, пеш  аз  ҳама  бар  зидди  ҷанбаҳои  идеологии  тарғиботии  созмонҳои  ифротӣ  ва  ошкор намудани  роҳу  усулҳои  нави таъсиррасонӣ ба  онҳо  муборизаи беамонро  пурзўр  намоем.

Бо дарназардошти ин,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни  суханронии хеш дар Паёми навбатиаш ба Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  (26  декабри  соли  2018)  барҳақ қайд  намудааст;-  «Авзои  сиёсии  сайёра  ҳоло  бисёр ноорому бесубот ва  боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст.   Чунонки  дар  чандин   суханронии   худ  иброз  намудам, кўшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархўрди  манфиатҳои  иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои  киберӣ  торафт  шиддат  гирифта, ҷаҳонро  ба  марҳалаи нави ҷанги сард кашониданианд  ва имрўз баъзе сиёсатмадорону коршиносон ҳатто доир  ба  хатари  ҷанги сеюми  ҷаҳон  ҳарф  мезананд».

Воқеан ҳам, дар замони ҷаҳонишавии манфиатҳо, сӯйистифодаи ғаразнок ва ҳадафманди зуҳуроти ташкилотҳои террористию экстремистӣ ва ифротӣ аз ҷониби нерўҳои гуногуни сиёсӣ афзун мегардад.   Рў  овардани  бозингарони  майдони  сиёсии олам ба ин амали  мудҳиш  ва зишт  ҳамчун воситаи расидан ба мақсадҳои нопок дар шаклҳои гуногун сурат мегирад.

Дар замони муосир, хатари  глобалии терроризм ва экстремизми динӣ  дар  асл  тамоми  давлатҳоро   новобаста  ба  мавқеи  ҷойгиршавӣ ва низоми давлатдориашон фаро гирифтааст. Ин хатар реша ва сарчашмаи худро аз дахолати рӯйирости геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ  мегирад, ки  барои  амнияти  миллии  давлатҳои  тозаистиқлол, аз  ҷумла  ба  кишвари  мо  хавфи  бузург  дорад.

Ин қувваҳои пасипардагӣ  ва  коргардонҳои  он  кўшиш  ба  харҷ медиҳанд, ки пеш аз ҳама  нерўҳои  ифротии  дохилии  мамолики гуногунро  барои  барҳам  задани  суботу  амнияти  онҳо таҳрик  диҳанд.

Ифродгароӣ одатан ҳамчун ғоя, идеология  ва сиёсат ҳамчун зуҳурот  ҳамон  вақт  ҷиноят  ҳисоб  меёбад, ки  дар  он усули ноилшавӣ  ба  мақсад, роҳи  ҳалли  масъалаҳои  сиёсӣ  бо  роҳи  зўрӣ  ва  ё  усули  террор  интихоб  карда  шаванд.

Ҳодисаҳои тавлиди Толибон дар Афғонистон, нерўҳои  муқобили  режими  давлатдории  Асад  дар  Сурия  ва  ниҳоят  пайдоиши  давлати  исломӣ  дар  миёни  кишварҳои  Ироқу Сурия  гувоҳи гуфтаҳои болост.

Таърих гувоҳ аст,ки халқи тоҷик  аз  қадим  хоҳони  сулҳ  аст ва ҳаргиз  бадиву  хунрезиро  қабул  надорад. Ҳанўз  аз таъсисёбии ҳизби наҳзатиҳо  маълум буд, ки ҳамчун ташкилоти террористӣ,  лухтаки  дасти  кадом хоҷагони  хориҷӣ  мебошад. Мардум борҳо иддао доштанд, ки ақидаҳои  ташкилоти террористии ҳизби мамнуъи наҳзатиҳо  исломро   ниқоб   кардаву   бо  таълимоти  мазҳаби ҳанафӣ  созгор  нестанд, зеро  аз даъватҳои   ТЭТ   ҲНИ  бӯи  хун  меояд.

Вақтҳои охир, фаъолнок шудани баъзе аъзои ҳизби мамнуъи наҳзати  ислом  ва  ташкилотҳои ғайриқонунии дигар ба мисли гурўҳи 24 ва  дар нохунак Паймони  миллиашон  дар  хориҷи  кишвар аз он далолат мекунад, ки мухолифони сиёсати имрўзаи Тоҷикистони азиз ба қавле “аз  асп  фаромада  бошанд ҳам аз узангў  нафаромадаанд”.         Онҳо бо  дастгирии  ҳомиёни  хориҷиашон кўшиш доранд, ки боз ба ҳам биёянд ва аз тариқи васоити ахбори омма дар ҳаққи мардуми мамлакат туҳмату  буҳтон  зананд ва матолиби зиёди беасосро яъне, ки маълумотҳои дурўғро паҳн намоянд. Бо  ин восита аз  баъзе  давлатҳою ташкилотҳои  байналмилалӣ паноҳгоҳ ва кўмакҳои пулӣ дарёфт намоянд.

Ҳадафҳои нопоку разилонаи  ҳамагуна ташкилотҳои экстремистиву  террористӣ  ва намояндагони созмонҳои ифротгарои наҳзатӣ  ва  гурўҳи 24,  чӣ  дар  ҳудуди  кишвар  ва  чӣ  дар хориҷи он, танҳо аз байн бурдани сиёсати пешгирифтаи имрўзаи давлату давлатдорӣ набуда, балки  кўшиши  расидан  ба  ғаразҳои  нопоки   худ   ва   халалдор  намудани  суботи  Тоҷикистонро  доранду  дар ин  самт  кӯшишҳои  зиёде  намуда  истодаанд.

Садҳо афсўс, ки ҳоло ҳам  бархе  аз ҷавонони мо бинобар надоштани дониши мукаммали  диниву дунявӣ, паст  будани  маърифати ҳуқуқии  онҳо ва зиракии сиёсӣ  ва  ҷаҳонбинии  васеъ  ба  равияҳои ифродгаро  пайваст  шуда, ба  давлатҳои  ҷангзада  сафар  менамоянд  ва ҷони ҷавони  хешро  дар  роҳгумӣ  қурбон  месозанд.

           Эй ҳайфи он ҷавон,ки кашокаш шиори ӯст,

Беҳуда ҳайф мекунад, умри ҷавони худ.

Дар  маҷмўъ, наҳзатиҳои мазҳабфурўш ва хоинони гурўҳи 24, ки имрўз бо номи «Паймони миллӣ» дар шабакаҳои интернетӣ худнамоишдиҳӣ менамоянд, дар асл ин  қувваҳои сиёҳкор ва  гурўҳҳои ифродгароанду   ҳадафҳои  асосиашон  на  пуштибонӣ аз миллату Ватани азизамон мебошад, балки бо дастгирию маблағгузории хоҷаҳои хориҷиашон  давлате  бо  номи Тоҷикистонро  дар арсаи байналмилалӣ шармсор кардаву миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ тухми низоъро коштан аст  ва  мутаассифона  қисме  аз  мардуми мо, алалхусус ҷавонон аз бехабарӣ ва қисми дигар барои расидан ба ҳадафҳои сиёсиву манфиатҳои шахсӣ ба доми  ин қувваҳо фиребхўрдаву якумра доғдор  гардиданд.

                            Беҳтарин неъмат ба мо оромӣ аст,

 Вусъати нокомиҳо аз хомӣ аст.

                                      Фикри хом ҳаргиз надорад анҷоми хуб,

                              Дар нишони одамӣ бадномӣ аст.

Аз азал, ин ташкилотҳои террористию экстремистӣ ва ифротӣ мехостанду, то ҳол мехоҳанд,ки  дини мубини Исломро истифода намуда, дар  Тоҷикистон  давлати бо  ном  исломиро таъсис диҳанд.

Аз ин лиҳоз, имрўз  ҷомеаи  моро  зарур  аст, ки  манфиатҳои  миллӣ, амнияти  кишвар, азму  суботи ҷомеа,  истиқлолият,  Ваҳдати миллӣ ва  таҳкими онро аз  манфиатҳои  шахсӣ  ва  ғаразҳои  сиёсиашон боло  гузоранд.

Бо таъкиди  Пешвои  муаззами  миллат, «Мо  бояд  аз  истиқлолияту озодӣ  ва  соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани  соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дўст дорем, ба  давлати  соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафту нерўманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони  азизамон  равона  кунем».  

            Биёед эй  азизонам  бигирем дасти  ҳамдигар,

Худованд  дар  сиришти Одамӣ  меҳру  вафо додаст.

Ба  лутфу марҳамат  бошем  дар  ин дунёи ҷойгардон,

Мақоми  одамитяро  ба тоҷикон Худо додаст.

 

Муҳаммаддовуд Ҳалимов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg