БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ: Мақсаду мароми мо пешрафту тараққиёти Ватан аст!

ШАҲРИТУЗ. БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Дар деҳаи Лолазор 4-и  ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритуз оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ  баргузор гардид.

Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳия Шаропов Ҳомидҷон, муовини раис Ачилдиев Турдимурод, иштирок дошта,  оид ба нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ,  аз ҷумла пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, иҷроиши талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ намуданд.

Дар охир сокинони маҳалла тасмим гирифтанд, ки ба муносибати сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қитъаи шоҳроҳе, ки аз деҳаи Лолазор -4 мегузарад, маркази ноҳияро бо мамлакати ҳамсояи Ӯзбекистон мепайванданд,  бо қувваи худ таъмир намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg