
КУШОНИЁН. БАХШИДА БА НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологӣ” – и ноҳия, Гулов Шамсиддин дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба 3 нафар маъюбон ва шахсони яккаву танҳо, Олимова Шаҳноза, Мақсуддинова Мадина ва Маҳмудова Фароғат маводи хӯрока ба маблағи 555 сомонӣ кӯмак карда шуд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия тасмим гирифтааст, ки дар арафаи ҷашнҳои давлативу миллии дарпешистода дар якҷоягӣ бо фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои хайру сахоро бештар ба роҳ монда, ба собиқадорони ҷангу меҳнат, маъюбон, шахсони яккаву танҳо ва беморону барҷомондагон кӯмак расонад.