БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар деҳот корҳои ободонӣ вусъати тоза мегирад

ШАҲРИТУЗ. БАХШИДА БА СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Дар ташкилоти ибтидоии Баҳористони ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки раиси маҳалла Лоиқов Фаррух, имомхатиби  масҷид Набиев Хуршед хониши сиёсӣ  баргузор гардид.

Хониши сиёсӣ мудири шуъбаи таблиғот,  итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ  Акрамов Раҳим  иштирок дошта,  оид ба ,  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ҳадафҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар,  эълон шудани солҳои 2019 -2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аз ҷумла пешгирии  ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, террористӣ ва экстремистӣ, тарғиби  тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ,  пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ,сарфаҷӯёнаву самарнок истифода бурдани обу замин ва нерӯи барқ, пардохти саривақтии маблағи онҳо андешаронӣ карда,   сокинонро ба амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки мақсаду маромаш ободии  Тоҷикистон мебошад,  раҳнамоӣ намуд.   

Инчунин,  Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳандозӣ карда шуда,  кӯчаҳои деҳаро  тозаву озода намуданд. Дар рафти корҳои ободонӣ аз тарафи сокинони деҳаи Баҳористон ҷуйи обрави ду  тарафи роҳи мошингарди деҳа аз гилу хок ва алафҳо тоза карда шуда,  қисми зиёди роҳ, ки таъмирталаб буд бо дастгирии  сокинон сангфарш ва бо семент рӯйпӯш  карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg