БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мақсади асоси Ҳукумати кишвар – боз ҳам беҳтар намудани некӯаҳволии сокинони деҳот.

Н.ХУСРАВ. Тибқи  ҷадвали  кории Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳияи  Носири Хусрав дар ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии  “Маҳаллаи  Лолазор”-и   ҷамоати  деҳоти  Истиқлоли  ноҳияи  Носири  Хусрав  чорабинии  ҳизбӣ   дар  мавзӯъи, “Мақсади  асоси  Ҳукумати  кишвар – боз  ҳам беҳтар  намудани  некӯаҳволии  сокинони деҳот”   баргузор  гардид.

Кормандони масъули    Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  оид ба   самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҲХДТ,  Паёми  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  Маҷлиси  Олии  кишварро дар  доираи   Солҳои  рушди  деҳот, сайёҳӣ ва  ҳунарҳои  мардумӣ  ва   сазовор  истиқбол  намудани  30- солагии  Истиқлолияти  давлатӣ  андешаронӣ карда, таъкид  намуданд, ки  амалисозии  дастуру  супороишҳои  Сарвари  давлат  вазифаи  ҳар  як  фарди  ватандӯст,  аз  ҷумла  аъзои  ҳизб ба  шумор  рафта,  дар  доираи  фаъолияти вазифавии  худ  барои расидан  ба  мақсадҳои  гузоштаи Сарвари  давлат дар  самти вусъат  бахшидан  ба  корҳои  ободониву  бунёдкорӣ , рушди  инфрасохтори  деҳот, инкишофи  ҳунарҳои  мардумӣ, тараққӣ додани   соҳаи  кишоварзӣ, таъсиси  ҷойҳои  корӣ  ва  афзун  гардонидани  иқтидори  содироти маҳсулоти  кишоварзӣ таъсири  худро  мерасонад.  Ҳар  як  сокини  деҳот  бояд бо   масъулияти  баланди  касбӣ   бо  мақсади пешрафти  соҳаи  кишоварзӣбарои  самаранок истифодаи  замин ва  дар  таъмини  амнияти озуқавории кишвар, ки  дар  Паёми  имсолаи  Пешвои  миллат  дастурҳо  дода  шудаанд   чораҳои  амали  андешанд.

Сокинони  Маҳалла  якдилона  бо  шукргузорӣ аз соҳибватаниву  соҳибдавлатӣ  иброз  намуданд, ки бо мақсади   ояндаи неки  фарзандонашон ва шукуфии  Ватан корҳои  ободониву  созандагиро дар маҳалла  ривоҷ  медиҳанд.

Дар  қисмати   амали  Аксияи  ҳизбии  «Якҷоя  ҳал  мекунем!»  сокинон канали   обгузари  маҳалларо  аз партов  тоза  намуда,  иқдом  гирифтанд,ки   роҳи  даромади   маҳалларо  низ  сангфарш  мекунанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg