БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Шуғл ба варзиш - омили пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ

ҚУБОДИЁН.Бо пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббус ва дасгирии бевоситаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар деҳаи Зиракии ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов як адад майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шуд.

Сохтмони майдончаи варзишӣ хуштарҳу замонавӣ буда, бо маблащгузории узви фаъоли ҲХДТ, соҳибкори маҳаллӣ Холбоев Ҳоҷи бо харҷи 176 ҳазор сомонӣ бунёд карда шудааст.

Майдончаи варзишии мазкур дар масофаи 7 км аз маркази ноҳия ҷойгир буда, масоҳати он 38х18 метрро ташкил менамояд.

Инчунин, майдончаи варзишӣ бо иншоотҳои ёрирасон,аз қабили утоқи либосивазкунӣ, утоқи истироҳатӣ, ҳаммом ва ҷои нишаст барои тамошобинон сохта шудааст. Холбоев Ҳоҷи тасмим гирифтааст,ки баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати ин майдонча боз як адад Маркази варзишӣ- табобати (Фитнес -клуб) сохта, пешкаши ҳамдеҳагони худ гардонад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg