БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Чакан муаррифгари меъроси қадимаи халқи тоҷик аст!

ЛЕВАКАНТ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳр чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Либоси миллӣ-ифодагари фарҳанги қадимаи миллат аст» доир гардид.

Чуноне, ки ташкилкунандагони чорабинӣ изҳор доштанд, чунин иқдом барои ба рӯйхати мероси фарҳанги ғайримодии башарияти ЮНЕСКО ворид гардидани чакани тоҷикӣ ва таҷлил аз ҷашни пуршукӯҳи Наврӯзи оламафрӯз роҳандозӣ гардидааст.

Дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Левакант Фароғат Назарова ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуда, изҳор доштанд, ки занону духтарони даврони соҳибистиқлолии кишвар хушбахттарин бонувони сайёра ҳастанд, ки дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озодона кору фаъолият менамоянд. Имрӯзҳо зани тоҷик метавонад дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат софдилона меҳнат карда, саҳми худро дар пешрафту шукуфоии мамлкат гузорад.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ занону духтарони соҳибзавқ ва ҳунармандони деҳа низ намудҳои гуногуни либоси миллӣ, аз ҷумла чакану попурӣ, атласу адрас, алочаю шоҳӣ ва ғайраро бо дӯхти қадима ва тарҳи нав ба намоиш гузошта, истеъдоди худро дар омода намудани намудҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ нишон доданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg